ш. Душанбе 22.09.2025
Тибқи фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 26 августи соли 2025, √123/9 дар бораи озмуни кастинги шаҳрии «Беҳтарин ровии наврас» ба тавсиб расид.
Вобаста ба фармоиши мазкур имрӯз дар толори Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур» — и шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни мазкур ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии имрӯза ғолибони даври муассисавии озмуни кастиниги шаҳрии «Беҳтарин ровии наврас» ширкат варзида ҳунару маҳораташонро ба хайати ҳакамон нишон доданд.
Ҳадафи асосии озмуни мазкур дарёфти чеҳраҳои сухандону суханвар мебошад.
Дар кастинги «Беҳтарин ровии наврас» зиёда аз 400 нафар иштирокчи ҳамаи муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Кастинги «Беҳтарин ровии наврас» идома дорад.