БОЗДИДИ ЗИЁДА АЗ 500 НАФАР ХОНАНДАГОНИ ПОЙТАХТ АЗ ҚИСМИ НИЗОМӢ ДАР ДОИРАИ ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ АФСАРОНУ САРБОЗОН ТАҲТИ УНВОНИ «МУҲОФИЗОНИ ВАТАН»
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 «Дар бораи ҷадвали баргузории ҷашну солгардҳо, фестивалу намоишҳо, ид ва озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва мутобиқи банди 18-и Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 феврали соли 2025, таҳти №78, бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар қисми ҳарбии 5453-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали дӯстии афсарону сарбозон таҳти унвони «Муҳофизони Ватан» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, муовини якуми фармондеҳ – сардори Ситоди Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ Иброҳимзода Носиралӣ Валӣ, муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Собириён Маҳмадраҳим Юсуф, сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Искандарзода Ширинҷон, сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Юсуфзода Искандар, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло, муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, командири қисми ҳарбӣ, сардори раёсати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Бобозода Асомиддин Ҳасан ва дигар масъулон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки мақсади асосии баргузории Фестивал мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстиву бародарӣ дар муҳити хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар миёни афсарон ва сарбозон, инчунин ҷомеа мебошад. Ҳамзамон, фестивал ба муаррифии иқтидори мудофиавии кишвар, қудрати техникиву ташкилии низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдорӣ ва давлатсозии миллӣ равона гардид.
Инчунин меҳмонон ва ҷавонони синни даъват аз шароиту имкониятҳои қисми ҳарбӣ боздид карданд.
Чун рамзи дӯстӣ ва бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни сохторҳои низомии мамлакат, як қатор сарбозону афсарони воҳидҳои сохтории Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қӯшунҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ шевронҳои ҳарбии худро байни ҳамдигар иваз намуданд, ки бори аввал чунин иқдом роҳандозӣ гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор афсарону сарбозон ва масъулони соҳа бо Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.